Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Истад Мамадҷонова аз олам чашм пӯшид.

Истад Мамадҷонова соли 1953 таваллуд шуда, бо ихтисоси ҳунарманди театр ва синамо солҳои зиёд дар Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом кору фаъолият бурдааст.

Мавсуф дар намоишномаҳои “Нурхон”, “Тошболтаи ошиқ”, “Зафар ва Заррина”, “Модар –Ватан”, “Ваҳваҳабонувон”, “Модар, ман зан мегирам” ва филмҳои “Ормонҳо”, “Паймон”, “Тангно”, “Маро бубахш” нақш офарида, дар дилу дидаи тамошобинон ҷойи худро пайдо карда буд.

Мавсуф солҳои зиёд роҳнамои ҷавонон буда, дар рушди театру синамо нақши мондагори худро гузоштааст.

Аҳли эҷоди Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ба наздикону пайвандони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Истад Мамадҷонова изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳад.

15 июн дар тарабхонаи “Тоҷи Канд”-и шаҳри Конибодом маросими қадршиносии ғолибону ҷоизадорони олимпиадаву озмунҳо баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин маросим ба 30 нафар ғолибону ҷоизадорони олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ва роҳбари Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозилова Ғайрат Қодиров туҳфаҳои хотиравӣ супорид.


Роҳбари вилоят дар суҳбат бо наврасону ғолибони озмунҳо қайд кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, барои дарёфти чеҳраҳои нав мунтазам озмунҳои гуногун гузаронида мешавад. Аз ҷумла, ташкилу баргузории озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», Илм-фурӯғи маърифат”, фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» ва дигар чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки чеҳраҳои нав дарёфт ва рушди соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу маданият таъмин гардад.


Ёдовар бояд шуд, ки Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозилова Шоҳҷоизаи фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту – 2021» – ро барои намоиши «Садои қу» соҳиб шуда буд. Ин ҷоиза натиҷаи заҳматҳои аҳли эҷоди театр буда, минбаъд гуруҳи эҷодиро барои таҳияи намоишҳои пурмазмун раҳнамун месозад.

Дар Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом мизи мудаввар дар мавзӯи “Роҳҳои рушди театр барои кӯдакон дар Тоҷикистон” доир гардид. Ин ҳамоиш дар доираи Фестивал-аксияи “Театр барои кӯдакон” роҳандозӣ шуд.
Иштирокчиён доир ба саволи он, ки то чӣ андоза намоишномаҳои театри кӯдакона талаботи тамошобинро қонеъ месозад, назарашонро баён доштанд. Ба назари ҳунармандон дар намоишномаҳо талаботи замони имрӯз ба назар гирифта мешавад. Агар ба қадри зарурӣ маблағгузорӣ шавад, ба сатҳу мазмуни намоишномаҳо таъсир мегузорад.
Қисмати муайяни ҳунармандон ба он бовар буданд, ки бояд масъулият бештар эҳсос карда шавад. Ба назари онҳо на ҳамеша бахши молиявӣ омили асосии беҳтар кардани сифати намоишномаҳо мусоидат мекунад.
Ба назари роҳбари Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом интихоби мавзӯъ дар гузоштани намоишнома ва роҳҳои таблиғ, аз ҷумла гузоштани маълумот дар гӯшаҳои иттилоотӣ ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои огоҳ намудани мардум аз намоишнома хеле муҳим аст.
Назари дигаре ҳам буд, ки набудани коргардон барои гузоштани намоишномаҳои кӯдакона ба беҳтар шудани сатҳу сифати спектаклҳо таъсир гузоштааст.
Дигар ҳунармандон ҷонибдори он буданд, ки ғоя асоси пешрафт мебошад ва роҳҳои таблиғ ба ҷалби тамошобин мусоидат мекунад.
Як доира ҳунармандон гуфтанд, ки қисме аз волидон фарзандонашонро ба театр намебаранд ва аз хурдӣ онҳоро дар ин руҳия тарбия намекунанд.
Маҳорати ҳунармандон низ яке аз масъалаҳои муҳим дониста шуд, ки дар самти ҷалби таваҷҷуҳи тамошобин метавонад таъсир гузорад.
Дар мизи мудаввар намоишномаҳои дар доираи фестивал ба саҳна гузошташударо дар умум қонеъкунанда арзёбӣ карданд.
Саволи дигар ин буд, ки меъёри баҳогузорӣ ба намоишномаҳо чӣ буда метавонад.
Ҳунармандон гуфтанд, ки баҳогузории сатҳи намоишномаҳо мушкил аст,чун омилҳои гуногун метавонад ба муҳтавои намоишномаҳо таъсир гузорад. Илова гардид, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи тамошобин бояд заҳмат кашид, зеро талаботи имрӯзаи тамошобин дар қиёс ба давраи пеш фарқ мекунад.
Беҳтар кардани вазъи театрҳо зарур аст.
Ғайрат Қодирӣ, директори Театри шаҳри Конибодом қайд намуд, ки соли оянд Фестивал-аксияи “Театр барои кӯдакон” ташкил карда хоҳад шуд. Яъне минбаъд шумораи иштирокчиёни театр дар ин фестивал меафзояд.
Дар мизи мудаввар ташкилкунандагони Фестивал-аксияи “Театр барои кӯдакон” пешниҳод намуданд, ки бо ҷалби беҳтарин коргардонҳо мастер-класс ташкил ва аз ҳамаи театрҳо якнафарӣ ба он ҷалб карда шавад. Ҳамзамон баргузории семинарҳои омӯзишӣ бо ҷалби ҳунармандони театр барои рушди соҳаи театр ва беҳтар шудани сатҳи намоишномаҳои кӯдакона муҳим дониста шуд.

Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом бори нахуст Фестивал – аксияи “Театр барои кӯдакон”-ро роҳандозӣ намуд.

Ташаббускорон ҳадафи ин падидаи муҳими фарҳангиро ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба театр ва бо ин роҳ тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ арзёбӣ мекунанд.

Фестивал – аксияи “Театр барои кӯдакон” бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, намоишномаи аввалини фестивал дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон пешниҳоди тамошобинони хурдсол гардид.

Дар рӯзи нахустини баргузории фестивал-аксия дар Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом, ки 1 июн сурат гирифт, таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди санъати театрӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки доир гардидани фестивал-аксияи вижаи театрӣ барои кӯдакон баҳри ҷалби наврасон ба соҳаи санъат мусоидат хоҳад кард.

Ҳунармандони театр дар рӯзи якум ба сокинони Канди куҳан намоишномаи “Гушдарози ҳилагар”–ро намоиш доданд ва тамошобинон намоишномаро бо таваҷҷуҳи зиёд тамошо карданд.

Дар рӯзи дуюми Фестивал-аксияи “Театр барои кӯдакон” намоишномаи “Маликаи шӯх” ба саҳна гузошта шуд. Ин намоишномаро ҳунармандони Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд. Боиси зикр аст, ки фестивали мазкур то 4 июн идома ёфт.

Театр дорои қудрати бузурги таъсиррасонӣ буда, ҷанбаҳои тарбиявии намоишномаҳои ба саҳна гузошташуда барои тарбияи кӯдакон таъсири амиқ мерасонад. Рафтан ба театр ва гирифтани ғизои маънавӣ аз намоишномаҳо дар гузашта роиҷ буд ва ин раванд имрӯз дубора эҳё гардида, ташкили чунин фестивалҳо барои дар замири наврасон бедор намудани муҳаббат нисбат ба санъати театр хоҳад гардид.

Шоми 31-уми декабр ғолибонро худи персонаж-Карлсон ва Бобои барфӣ дар хонаашон бо тақдими туҳфаҳо қадрдонӣ карданд.

Флеш-моби “Қадаме то Театр” дар мактаби санъати бачагона