Группа ведущих преподавателей и студентов Лондонского института кино Met Film School специально для просмотра комедии «Кори-ишкамба» приехали в город Канибадам.
Намоиши Қорӣ-ишкамбаи Театри Конибодом дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии Парасту-2019 соҳиби ҷои аввал гардид.
аз 15 то 23 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту-2019 баргузор гардид. Дар Парастуи имсола 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок намуд.
Театри Конибодомро имсол дар Парасту намоиши “Қорӣ-ишкамба” муаррифӣ намуд. Намоиш дар асосӣ асари “Марги судхӯр”-и С.Айнӣ ва дар коркард ва таҳияи Муҳиддини Музаффар рӯи саҳна омада, қаҳрамони асосӣ- Қорӣ Исматро ҳунарманди театр Хушнуди Дадо иҷро намуд. Қаҳрамонҳои дигари қиссаи машҳур ва фазои Бухорои Шарифро Фарҳод Ғаффорпур ва Фаррух Ваитов ичро намуданд, ки ҳар яки ин ҳунармандон 7-8 тоги нақшҳоро офариданд.
Боиси қайд аст, ки пас аз ду соли (2017) офарида шудан, намоиш бори дигар коркард шуда аз ҷиҳати басаҳнагузорӣ ва иҷро сайқал ёфта таркиби маънавӣ ва паёми он пурқувваттар гардонида шуд. Пас аз коркарди дубора намоиш ба сатҳи ҷашнвораҳои байналмиллалӣ баромада аллакай ба якчанд ҷашвораҳо пешниҳод карда шуд.
Аз ин пас мухлисони театр метавонанд шакли НАВи Қорӣ-ишкамбаро дар саҳнаи Театри Конибодом тамошо намоянд.
Театри Конибодом кулли ҳаводорони санъати театрӣ ва мардуми Тоҷикистонро бо иди Наврӯз муборакбод менамояд ва дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯз аз 20 то 25 уми март ҳамарӯза соати 14-00 намоиши “Роҳзан”-ро пешкаши Шумо мекунад. Наврӯзро бо ҳам ҷашн мегирем!
Театри Давлатии Драмаи Мусиқии ба номи Т. Фозилова
кӯчаи Маннонов 190, шаҳри Конибодом,
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 (918) 53 0656; 8 3467 32298
Почтаи эл: info@teatrikonibodom.tj teatrikonibodom@gmail.com