Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд имсол намоиши солинавии “Зангӯлаи сеҳрнок”-ро дар таҳияи коргардони ҷавон Темур Султонов ба саҳна гузошт.

“Зангӯлаи сеҳрнок” аз санаи 24 декабри соли 2018 то 11 январи соли 2019 соатхои 10, 12 ва 14 дар толори Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров баргузор хоҳад гашт.

Филми Умарако

Филми мустанади коргардони ҷавону умедбахши кишвар Далери Имомалӣ бо номи “Умарако” рӯи пардаи Синамо омад. Филм дар бораи ҳаёту фаолияти ҳунарманди шинохтаи Театру Синамо Умарҷон Сатторов нақл мекунад. Санаи 23 декабри 2018 соати 10:00 дар толори Театри Конибодом намоиши пӯшидаи филм баргузор хоҳад гашт.

Санаи 22 Декабр соати 9:00 дар толори Театри Конибодом нахустнамоиши “Роҳзан” баргузор мегардад. Кӯдакони аз 5 сола боло ва кулли ҳаводорони Театрро аз 22 декабр то 20 январи 2019 ба тамошои Роҳзан даъват менамоем.