Бо манзури тақвияти робитаи театр бо сокинон театри Конибодом озмуни “Кашидани расми Карлсон”-ро роҳандозӣ кард. Дар озмун беш аз 250 афроди синни то 12 дошта ширкат намуда, қаҳрамони намоиш-Карлсонро тасвир карданд.

Шоми 31-уми декабр 100 толибилм, ки маҳсули корашон хушоянд буд, аз ҷониби худи персонаж-Карлсон ва Бобои барфӣ дар хонаашон бо тақдими туҳфаҳо қадрдонӣ ёфтанд. Наврасон аз ин ҳадяи солинавӣ ва иқдоми театр ба ваҷд омада, ба ин даргоҳ муҳаббати бештар пайдо намуданд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Шаҳре дар театр ва театре дар шаҳр” таҳия шуда, саҳми арзишманде барои барқарории муносибати театру тамошогар гузошта истодааст.