Дар ҳамин шабу рўзе, ки мардум аз набудани тамошочӣ дар театрҳои пойтахт доду фарёд мезананд, дар як гўшаи кишвар театр зинда аст. Зинда ба маънои томаш.
Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд имсол намоиши солинавии “Зангӯлаи сеҳрнок”-ро дар таҳияи коргардони ҷавон Темур Султонов ба саҳна гузошт.
“Зангӯлаи сеҳрнок” аз санаи 24 декабри соли 2018 то 11 январи соли 2019 соатхои 10, 12 ва 14 дар толори Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров баргузор хоҳад гашт.
Филми мустанади коргардони ҷавону умедбахши кишвар Далери Имомалӣ бо номи “Умарако” рӯи пардаи Синамо омад. Филм дар бораи ҳаёту фаолияти ҳунарманди шинохтаи Театру Синамо Умарҷон Сатторов нақл мекунад. Санаи 23 декабри 2018 соати 10:00 дар толори Театри Конибодом намоиши пӯшидаи филм баргузор хоҳад гашт.
Санаи 22 Декабр соати 9:00 дар толори Театри Конибодом нахустнамоиши “Роҳзан” баргузор мегардад. Кӯдакони аз 5 сола боло ва кулли ҳаводорони Театрро аз 22 декабр то 20 январи 2019 ба тамошои Роҳзан даъват менамоем.
Театри Давлатии Драмаи Мусиқии ба номи Т. Фозилова
кӯчаи Маннонов 190, шаҳри Конибодом,
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 (918) 53 0656; 8 3467 32298
Почтаи эл: info@teatrikonibodom.tj teatrikonibodom@gmail.com